Хонаи Навалнийро кофтанд, ҳукмаш бозбинӣ мешавад?

Рӯзи 28-уми январ додгоҳе дар Русия аризаи бозбинии ҳукми ҳабси мунаққиди Кремлин Алексей Навалнийро баррасӣ мекунад. Рӯзи гузашта мақомот хонаи ӯро кофтукоб карданд. Леонид Волков, ёвари калони Навалний гуфт, ҳуқуқшиносони онҳо рӯзи 26-уми январ “ногаҳон” огаҳ шуданд, ки мурофиаи додгоҳии бозбинии ҳукми ҳабси 30-рӯзаи Навалний дар рӯзи панҷшанбе баргузор мешавад. Волков бо вуҷуди саркӯбҳои хушунатомези мақомот аз сокинони Русия даъват кард, ки рӯзи 31-уми январ ба намоишҳои нави эътирозӣ бароянд.
Дар ҷараёни кофтукоб дар шаҳри Маскав рӯзи 27-уми январ ходимони ниқобпӯши амният ҳам ба хонаи бародари ӯ Олег ва ҳам манзили иҷораи ҳамсараш Юлиа ворид шуданд. Инчунин, дафтари кории Бунёди зиддикоррупсияи Навалний ва студияи сабти баромадҳои Навалний мавриди кофтукоб қарор гирифт. Матбуоти Русия гуфт, ки хадамоти амниятӣ ҳамчун далели кофтукоб ва рейдҳо нақзи муқаррароти гигиении вобаста ба маҳдудиятҳои пандемияро баҳона оварданд. Аъзои тими студияи сабти баромадҳои Навалний дар Твиттер навишт, ки кофтукобҳо ғайриқонунӣ буд ва бо ҳадафи тарс додани онҳо дар пешорӯи эътирозҳои хиёбонии 31-уми январ ташкил шудааст.(озодӣ)

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *