Хонаи пур аз доллари «Миллионери тоҷик»

Дар телефонҳои мобил дар Тоҷикистон ва берун аз он видеое мечархад, ки дар он як нафар бо номи Мирзовалӣ Шарипов баста-баста пулҳои долларро дар як кунҷи хона тӯда кардааст ва ба болои он боз бастаҳои нави пулро мерезад.

Дар видеое, ки дар телефонҳои мобил дар Тоҷикистон ба сайругашт даромадааст, дида мешавад, ки дар кунҷи як хона баста-баста долларҳои амрикоиро ғарам кардаанд ва як нафар боз ба болои ин ғарами пул аз як зарфи монанд ба кастрюля бастаҳои нави пулро мерезад.

Дар ин миён як қоғазро рӯи ин ғарами пулҳо мегузоранд, ки дар он чунин навишта шудааст: «Мирзовалӣ Шарипов. 13.07.2017ð

Сипас марде дар ин видео аз байни ғарами пул ду бастаи пулро бо навбат ҷудо карда, меканад ва нишон медиҳад, ки ин пулҳо қалбакӣ нестанд.

Ин видео дар байни сокинони Тоҷикистон, бахусус ҷавонону наврасон, тамошобини зиёд пайдо карда, ҳатто бисёриҳо ба он «Миллионери тоҷикð ном додаанд.

Кӣ будани ин Мирзовалӣ Шарипов, ки ин ғарами пулро ба вай нисбат медиҳанд, маълум нест. Ин ҳам маълум нест, ки ин видео ва ин пулҳо то куҷо воқеият доранд ва оё тамоми он пул пули ҳақиқӣ буд ё фақат он ду бастае, ки дар видео канда, нишон медиҳанд?

Бархе аз ин пулбозӣ интиқод ҳам мекунанд ва мегӯянд, «тоҷики мо агар ду сӯм ёфт, дигар аз худ меравад ва ҳатто худашро намешиносад.ð

Аммо агар рафту шумо соҳиби миллион доллар шавед, чӣ кор мекунед? Мисли ин Мирзовалӣ Шарипов ғарамаш мекунед ё..?

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *