Хонаи тоҷик хашми русҳоро овард 

Тақдими калиди хона ба як оилаи серфазанди тоҷик аз ҷониби шаҳрдори Митиши боиси хашми русҳо, аз ҷумла вакилони Думаи давлатӣ ва мақомоти ин кишвар шуд…

Хона ба оилаи тоҷик

Воқеа аз он оғоз шуд, ки рӯзи 13-уми январи соли равон Юлия Купетская, раиси ноҳияи Митиши дар саҳифааш дар Телеграм хабар дод, ки ба оилаи серфарзанди Таҳмина Самадова ва Рамазон Раҳимов шаҳодатнома барои гирифтани манзил дода шуд.

Дар ин хабар гуфта мешуд, ки ин оила 7 кӯдак, аз ҷумла се духтару чаҳор писарро ба воя мерасонанд. 

Хона ба оилаи тоҷик дар доираи барномаи давлатии дастгирии оилаҳои серфарзанд дода шуд.

Гуфта мешавад, ки оилаи Таҳмина Самадова ва Рамазон Раҳимов 14 сол пеш ба Русия рафта, соҳиби шаҳрвандӣ шудаанд. Чор фарзанди онҳо дар Русия ба дунё омадаанд.

8 ҳазор дизлайк

Пас аз нашри ин хабар корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар шарҳҳо ба ҳақорату таҳқири ин хонавода оғоз карданд. Масъулини ноҳияи Митиши маҷбур шуданд, ки шарҳҳои зери навиштаро банданд. Вале ин ҳам русҳоро ором нагузошт. Беш аз 8 ҳазор нафар бо гузоштани рамзи дизлайк (номаъқул) норозигии худро ба соҳиби хона шудани оилаи тоҷик баён карданд.

Бархе аз русҳои фаъол дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо дизлайк қонеъ нашуда, зери навиштаҳои дигари раиси ноҳияи Митиши Юлия Купетская шарҳҳои қабеҳ навишта, ӯро ҷинояткор арзёбӣ намуданд ва ҳатто истеъфои ӯро талаб карданд.

Дар хати пеши ҷанг

Пас аз як рӯзи нашри соҳиби хона шудани оилаи тоҷик ва бархӯрди шадиди корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ масъулини шаҳри Митиши ба корбарони хашмгин посухи расмӣ доданд.

Дар изҳороти расмӣ омадааст: “Бар асоси қонун, Русия давлати сермиллат аст ва дар он ҳуқуқи одамон дар авлавият қарор дорад. Таҳмина 14 сол боз бо шавҳар ва фарзандону модараш дар Митиши зиндагӣ мекунад ва ҳамаи онҳо шаҳрванди Русия ҳастанд. Волидони ин зан омӯзгорони соҳибэҳтироманд ва 40 сол боз дар соҳаи маориф кор мекунанд. Худи Таҳмина ба корҳои хайр машғул аст ва дар корҳои иҷтимоии шаҳр фаъолона ширкат мекунад. Фарзандони вай хонандаҳои хубанд ва бо хоксорӣ ва рафтори хубашон фарқ мекунанд”.

«Махсус таъкид мекунам, ки ду бародари Таҳмина дар хати пеши ҷанг қарор дошта, ҷароҳати вазнин бардоштаанд ва бо мукофотҳои олии давлатӣ ва нишони “Шуҷоат” мукофотонида шуданд”,- гуфта шудааст дар изҳороти расмӣ.

Интиқоди Миронов ва амри Бастрикин

Вале изҳороти расмии мақомоти Митиши, 14 сол шаҳрванди Русия будани оилаи тоҷик, дар хати пеши ҷанг қарор доштани ду нафар узви ин хонавода низ ин баҳсро хомӯш накард, балки ба сатҳи боло бурд ва ҳатто ин масъала дар Думаи давлатӣ баррасӣ шуд.

Сергей Миронов, раиси ҳизби “Русияи боадолат” ва вакили Думаи давлатӣ ахиран даъват кард, ки қонунӣ будани тасмими мақомоти Митиши дар мавриди пешниҳоди хона ба оилаи тоҷик санҷида шавад. Ӯ ҳамчунин талаб кард, ки ин хонавода аз Русия ронда шаванд.

Вакили дигари рус Михаил Делягин ҳам ба ин масъала таваҷҷуҳ кардааст.

Масъалаи хона додан ба оилаи муҳоҷири тоҷик аз таваҷҷуҳи раиси Кумитаи тафтишотии Русия Александр Бастрикин низ дур намонд. Ӯ дастур додааст, ки қазияи тақдими хона ба як оилаи серфарзанди тоҷик дар шаҳри Митиши санҷида шавад. Бастрикин рӯзи 20-уми январ талаб кардааст, ки қонунӣ будани тартиби тақсими хона дар вилояти Маскав таҳқиқ шавад…

Чӣ мешавад?

Қазияи тақдими хона ба муҳоҷири тоҷик ва бархӯрди шадиди корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва сиёсатмадорони русро коршиносон идомаи падидаи тоҷикбадбинӣ дар Русия арзёбӣ мекунанд, ки пас аз қазияи “Крокус” авҷ гирифт.

Ҳоло маълум нест, ки сарнавишти оилаи тоҷик дар Митиши чӣ мешавад. Мавқеи ҳамсарон Рамазон Раҳимов ва Таҳмина Самадова низ рӯшан нест. Ин ҳамсарон баъди интиқодҳо ва таҳқиру дашномҳо саҳифаҳои худро аз шабакаҳои иҷтимоӣ пок карданд. Вале баҳси хонаи онҳо ҳанӯз идома дорад. Баъзеҳо ҳатто аз саҳифаҳои интернетӣ акси Рамазон Раҳимовро аз адои маросими Ҳаҷ нашр карда, гуфтаанд, ки ин далели он аст, ки хонавода ниёзманд нест.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *