Хонаи тоҷик куҷост? Ду омили бохти Тоҷикистон
Соли 2014 дар ҷашни Наврӯз, ки дар Кобул баргузор гашта буд, Раиси ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Корзай пас аз суханронии ифтитоҳӣ ба ҳозирин муроҷиат карда, гуфта буд:
— Акнун сухан ба Раиси ҷумҳурии худатон ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон!
Ва ин гуфта беасос набуд. Эмомалӣ Раҳмон шояд ягона президенте буд, ки аз ҳама минбарҳои байналмилалӣ сухан аз Сулҳ ва Якпорчагии Афғонистон мегуфт.
Дар он ҷашн табрикоти Президенти Тоҷикистонро мардуми Афғонистон бо кафкӯбии бардавом истиқбол намуданд. Ва имрӯз ҳам онҳо ба Тоҷикистон ҳамчун хонаи умед нигоҳ мекунанд. Шояд шиори «Тоҷикистон хонаи умеди тоҷикони ҷаҳон» дар ҳамин замина рӯй зада бошад.
Афғонистон кишвари сермиллат аст: паштуҳо, тоҷикон, ҳазораҳо, ӯзбекҳо, туркманҳо, қирғизҳо дар он сукунат доранд. Ҳарчанд то сарнагун гаштани ҳукумати Зоҳиршоҳ (то соли 1978) дар ин кишвар умумияти миллӣ вуҷуд дошт, вале баъдан бо вуруди урдуи Шӯравӣ он аз байн рафт.
Анҷоми асри ХХ Афғонистон ба майдони тафриқаандозию ҳукуматронӣ табдил ёфт.
Замони ҳукумати Бабрак Кормал ва Нур Муҳаммад Таракӣ тавозун миёни миллатҳои муқими ин кишвар риоя мешуд. Забони дарӣ (тоҷикӣ) ҳамчун забони давлатӣ — коргузорӣ чун собиқ боқӣ монд. Аммо Ҳафизулло Амин, ки падари маънавиаш Нур Муҳаммад Таракиро ба қатл расонда, рӯи тахт нишаст, даст ба паштунизатсия, тафриқаандозӣ миёни қавмҳо зад ва хост мавқеи забони дариро танг созад ва забони паштуро ҷойгузини дарӣ гардонад. Албатта, дар ин кор аз пуштибонии хоҷагони хориҷиаш бархӯрдор буд. Аммо тираш, ки нишонаш ғалат буд, хок хӯрд. Ӯ тавре ки сари қудрат омада буд, ҳамон тавр аз сари қудрат дур шуд.
Кӯшишҳои доктор Наҷиб, ки бо дастгирии Шӯравӣ дар курсии Раиси ҷумҳур нишаст, барои ба ҳам овардани халқиятҳои Афғонистон об дар ҳован кӯфтан буд. Зеро аллакай неруҳои хориҷӣ ба оташи тафриқаандозӣ рӯған мерехтанд.
Вуруди НАТО ба Афғонистон ин оташро ба аланга дардод. Ҳар қавму миллати сокини ин кишвар аз хориҷ ба худ муттакое, пуштибоне пайдо кард. Гузашта аз ин, кишвару неруҳои исломӣ ва иртиҷоӣ тафриқаандозӣ аз рӯи мазҳабу равияҳои исломиро роҳандозӣ карданд. Афғонистон пора шуд. Акнун ин пораҳоро ҳар кишваре ба коми худ мекашад. Покистон паштуҳоро, Ӯзбекистон ӯзбекҳоро, Қирғизистон қирғизҳоро, Туркманистон туркманҳоро, Эрон бо такя ба мазҳаб ҳазораҳоро. Тоҷикон, ки шумораашон дар ин кишвар тибқи натиҷаи тадқиқоти мақомоти қудратии Британия 18 миллионро ташкил медиҳанд, дар ин миён «хонаи умед» меҷӯянд. Тоҷикистон ҷонибдори якпорчагии Афғонистон буду ҳаст. Аммо кишварҳое ҳастанд, ки аз роҳи тафриқаандозӣ мехоҳанд дар ин кишвар нуфуз дошта бошанд. Ба чунин хато болшевикон ибтидои асри ХХ роҳ дода буданд. Он замон шумораи тоҷикон дар Осиёи Миёна чун ҳоло дар Афғонистон хело зиёд буд. Чӣ андеша онҳоро ба чунин иқдом водор кард, ҳоло ҳам муаммост. Шояд андешаи душвории дар асорат нигоҳ доштани мардуми соҳибфарҳанг? Шояд андешаи пешгирии баҳамоии қавми парешон? Мо тахмин мекунем. Аммо дар сари мустамликадорон чӣ буду чӣ ҳаст, худашон медонанд.
Соҳибфарҳанг аз рӯи ақл кор мегирад, бо ӯ андешаи фардо дар миён аст. Бефарҳанг ҷини аз кӯза раҳоёфта аст. Мисле, ки Покистон толибонро аз кӯза раҳо кард ва дигарбора ба кӯза андохтани он амри маҳол гардид.
Оё такрори хатои ибтидои асри ХХ аз ҷониби болшевикон нисбат ба тоҷикони Осиёи Миёна, ки якеро хариданд, дигареро ба курсӣ нишонданд, сеюмиро бо таҳдид ба доми худ андохтанд, дар ибтидои асри ХХI нисбат ба тоҷикони Афғонистон ногузир аст?
Агар бо чашми сар нигарем, бале, имконпазир аст. Вале чӣ бояд кард, ки ин имконпазириро ғайриимкон гардонид? Ҳадаф аз ин нигошта коҳи куҳнаро бод кардан нест, ихтор аст, ки гузаштаи дарднок такрор нашавад. Барои ин амал бояд ҷойгузини сухан гардад. Чуноне ки ин корро Ӯзбекистон мекунад. Ӯзбекистони имрӯза Ӯзбекистони замони Ислом Каримов нест, ки аз роҳи автократия мавқеи худро дар минтақа устувор созад. Барои Шавкат Мирзиёев ғалати пешиниён ва роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дарс шуд. Ӯ роҳи «Сармоя дорӣ, қудрат дорӣ» -ро пеш гирифт. Ва муваффақ ҳам шуд. Имрӯз ба иқтисодиёти Ӯзбекистон на танҳо сармоягузорони кишварҳои Ғарбу Осиё, ҳатто Тоҷикистон маблағгузорӣ мекунанд. (Ин мавзӯи алоҳида аст). Ӯ тавонист шароити мусоидро ҳам аз нигоҳи андозбандӣ, ҳам молӣ ва ҳам амнияти соҳибкорию соҳибкор фароҳам оварад. Шавкат Мирзиёев дар Ӯзбекистон майдон (платформа)-еро фароҳам овард, ки GOOGL, Facebook, Yandex … барои муштариёнашон фароҳам оварданд. Ва ин корро имрӯз нисбат ба Афғонистон анҷом медиҳад.
Афғонистон кишвари бизнес аст. Агар чунин намебуд, тӯли 50 соли ҷанг мардуми ин кишвар аз гуруснагӣ ба ҳалокат мерасиданд. Имрӯз ҳам ин кишвар бизнесменҳои хеле муваффақ дорад, ки ҷанг ҷонашонро ба лаб овардааст, мехоҳанд, ки тиҷорат кунанд, фардояшон рӯшан бошад.
Ӯзбекистон чунин шароитро барояшон фароҳам овардааст. Ӯзбектаборони Афғонистон дар Тирмиз бо маблағи худашон бозори сатҳи ҷаҳонӣ, хонаҳои баландошёна бунёд мекунанд, ки ҳатто замони Шӯравӣ орзу мекарданд. Ин тоҷирони афғонистонӣ имкон доранд ва метавонанд, ки фардо дарвозаҳои бозорҳои Афғонистону Покистону Ҳиндустону Эронро барои Ӯзбекистон боз кунанд. Ҳол он ки Тоҷикистон имконоти ҷалби онҳоро бештар дорад.
Ба мисоле рӯй меорем: соли 1995 ба Тоҷикистон тоҷиктаборони Афғонистон бародарон Ҳоҷӣ Ҷон Оғо ва Ҳоҷӣ Нур оғо меҳмон шуда буданд. Банда ононро дар Душанбе, Варзоб, Хуҷанд, Исфара, Панҷакент, Самарқанд, Тошканд раҳнамоӣ карда буд. Онҳо бо дидани табиати зебо, ҳамзабонӣ, меҳмоннавозии тоҷикон ба ваҷд омада, изҳор карданд, ки мехоҳанд дар Тоҷикистон зиндагӣ кунанд ва шаҳрвандии ин кишварро гиранд. Аммо чун имрӯз ин кор барояшон ғайри имкон буд. Ҳол он ки бисёр кишварҳои дунё бо додани шаҳрвандӣ маблағгузоронро ҷамъ меоранд ва ин роҳ ягона манбаи даромади онҳост.
Бародарон Ҳоҷӣ Ҷон Оғо ва Ҳоҷӣ Нур Оғо ибтидо дар Дубай чанд корхона бунёд карданд ва ҳоло бизнесменҳои муваффақ дар Лондон мебошанд.
Замоне ки идоракунӣ системавӣ нест, ақлакиҳо зиёд мешаванд. Онҳо ҳазор «далел» меоранд, ки ин ё он кор бар манфиат нест. Ину он мегӯянд ва ҳатто пешниҳод мекунанд, ки пулҳои миёни Афғонистону Тоҷикистон хароб карда шаванд. Ақли ин тоифа ба ҳамин мерасад. Тоҷикистон имконияти бузург дорад, ки кишвари пешрафтаи дунё бошад. Барои ин аз деге, ки меҷӯшад, бояд берун ҷаҳид.
Ҳоло тоҷикони исмоилии Бадахшони Афғонистон дар ҳоли вазин қарор доранд. Толибон ҳар аъмоли баде ҳаст, сари онҳо раво мебинанд. Онҳо ҷабрдида ҳастанд, онҳо фирорианд. Чаро онҳоро қабул накунем, дар майдони фарохи Мурғоб барояшон шаҳраке бунёд накунем? Чаро Мурғоб худатон андеша кунед!
Ё чаро ба хотири амалӣ кардани «Тоҷикистон хонаи умеди тоҷикони дунё» фирориёни Афғонистон шаҳраке бо номи Кобул бунёд насозем? Зарурат ба сохтани мо нест. Худи ҳамтаборони афғонистонии мо месозанд. Онҳо миллионеранд, миллиардеранд. Ба онҳо кафолат лозим! Боз додани шаҳрвандӣ! Вассалом!
Тоҷик ба тоҷик шаҳрвандӣ медиҳад. Ин чи ҷои андеша дорад. Замони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ин корро Руссия нисбати русҳо, Қазоқистон нисбати қазоқҳо, Олмон нисбати олмониҳо, Туркманистон нисбати туркманҳо … карданд. Чаро тоҷик нисбати тоҷик накунад?!
Қирғизистон ҳамтаборони афғонистониашро бо қутосу говронаашон бо нону намак истиқбол мегиранд. Айни ин корро кишварҳои дигар нисбат ба ҳамтаборонашон ба анҷом мерасонанд. Чаро мо ин корро накунем?
Хатар дар муҳоҷирони Афғонистон нест. Хатар дар мафкураи куҳнаю қолабӣ ва тарси вуҷуди мост! Даме ки ин дуро шикастем, аз худ дур сохтем, шоҳроҳи бузурге пеши рӯямон боз мешавад.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафараш ба Афғонистон барои музокирот бо мухолифин ва баргардонидани гурезагон ин дуро шикаста буд.
Шариф Ҳамдампур
Назари дигаре доред, нависед! [email protected]
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ