Хонаи тоҷикро дар марз сӯхтанд, қирғизҳо рад мекунанд

Соати тақрибан 20: 10 дақиқаи 14-уми май манзили зисти Баҳром Ғафуров сокини маҳаллаи Лангари Хайробод оташ зада шуд, ки дар натиҷа чаҳор утоқи ин манзил нобуд шудааст

Гуруҳе аз сокинони як деҳаи сарҳадии ноҳияи Исфара мегӯянд, ки афроди ношинос аз тарафи Қирғизистон гузашта, як хонаеро дар деҳаи онҳо оташ задаанд. Марзбонони қирғиз ин иддаоро беасос хонда, гуфтанд, ки чунин ҳодисаеро сабт накардаанд.
Зубайдулло Шомадов сухангӯи ҳукумати шаҳри Исфара бо нашри акс ва видеои хонаи сӯхта ва навниҳолҳо канда дар саҳифааш дар Фейсбук навиштааст: “Соати тақрибан 20: 10 дақиқаи 14-уми май манзили зисти Баҳром Ғафуров сокини маҳаллаи Лангари Хайробод оташ зада шуд, ки дар натиҷа чаҳор утоқи ин манзил нобуд шудааст”. Ӯ навиштааст, ки ин хона 100 метр дуртар аз минтақаи баҳсбарангези сарҳад қарор дорад.
Шавкат Қаюмов гуфт, ҳукумати шаҳри Исфара ваъда додааст, ки хонаи Баҳром Ғафуровро барқарор мекунад ва ҳамдеҳагон низ бо ҳашар дар таъмири хона кумак мерасонанд.
Пас аз муноқишаи охир моҳи апрел дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон чунин ҳодиса то кунун сабт нашуда буд. Дар ин муноқиша, ки рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел рух дод, аз ҳарду ҷониб даҳҳо нафар куштаву садҳо кас захмӣ шуданд. Ба иттилои мақомоти қирғиз, дар Бодканд, 78 хона сӯхт, 189 кас маҷруҳ шуд ва 36 кас, аз ҷумла ду кӯдак, ҷон бохтаанд. 15 ҳазор нафар ба ҷойи амн куч дода шуд.
Ҳукумати Тоҷикистон расман аз кушта шудани 19 нафар ва захмӣ шудани 87 нафар дар ин муноқишаи марзӣ хабар дод. Ҳамчунин ба иттилои Тоҷикистон дар ин даргириҳо 20 хонаи тоҷикон вайрон шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *