Хонанда мепурсад: COVID-19 баргашт?

Феълан дар саросари кишвар даври нави ваксинагузаронӣ оғоз шудааст. Маъракаи гарми ваксинагузарониро дида, мегӯянд, ки коронавирус дигарбора ба кишвар баргаштааст. Мехостам дар ин маврид равшанӣ андозед.

САЛИМҶОН, шаҳри Хуҷанд

— Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар мегӯяд, ки вазъи эпидемиологӣ дар кишвар муътадил аст ва таҳти назорати мақомат қарор дорад. “Хурӯҷи дигарбораи коронавирус дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст”,- гуфт Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустии кишвар.

Аммо, зимнан, Наврӯз Ҷаъфаров гуфт: “Бо ин вуҷуд иқдомоти ҷиддие дар муқобила бо COVID-19 дар кишвар роҳандозӣ шудаанд. Даври нави ваксинагузаронӣ яке аз ин иқдомҳост”.

Бояд гуфт, ахиран Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз оғози даври такрории ваксинагирӣ барои шаҳрвандони синнашон аз 60 боло хабар дода буд.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *