Хонандагон маҷбуранд китоби президентро харидорӣ кунанд
Хонандагони синфҳои 10 ва 11-ро муваззаф кардаанд, ки ҳар кадомашон яктоги аз китоби президентро харидорӣ намоянд.
Хонандагони синфҳои 10 ва 11-и мактабҳои №12, 48, 50, 54 ва 160 –шаҳри Ишқободро муваззаф кардаанд, ки ҳар кадомашон яктоги аз китоби президентро харидорӣ намоянд.
Инчунин омӯзгорон рӯйхатеро тартиб додаанд, ки кадом хонанда бояд кадоме аз китобҳоро харидорӣ намояд.
Бояд гуфт, ки Қурбонгулӣ Бердимуҳамадов, раиси ҷумҳури Туркманистон муаллифи беш аз 40 китоб аст. Аз ҷумла, китоби 10 ҷилдае, ки ба гиёҳҳои шифобахши Туркманистон бахшида шудааст. Инчунин, дар бораи аспҳову асппарварӣ, олами растаниҳо, сиёсати хориҷа, манфиатҳои чой,ватандорӣ китобҳо нашр кардааст. Рассонаҳои давлатӣ ҳамарӯза аз эҷодиёти президент порчаҳои қироат намуда, онро тарғибу таъриф менамоянд.
Нархи ҳар китоби Бердимуҳаммадов ба ҳисоби миёна 400 манат– баробар $20 аст.
Бино ба гуфти роҳбарони муасисаҳои таълимӣ китобҳои мазкур бояд то санаи 1-уми май пурра фурӯхта шаванд.
Ба волидайн гуфтаанд, ки ҳамакнун дар мактабҳо намоишҳои доимии китобҳои президент баргузор хоҳанд шуда ва хонандагону омӯзгорон вазифадоранд ин китобҳоро харидорӣ кунанд. Роҳбарони муасисаҳо дар ин бора супориши қатъӣ гирифтаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ