Хонандагони “Абдураҳмони Ҷомӣ” соҳиби 5 ҷойи сеюм гардиданд
Хонандагони тоҷик дар 4-умин Олимпиадаи байналмилаии «STEM», ки аз 10 то 16 июл дар шаҳри Гааги шоҳигарии Ҳолланд баргузор гардид, соҳиби 5 ҷойи 3-юм (3 ҷой аз фанни математика ва 2 ҷой аз фанни табиатшиносӣ) гардиданд.
Тоҷикистонро дар ин олимпиада 8 нафар хонанда аз Муассисаи таълимии хусусии «Абдураҳмони Ҷомӣ» муаррифӣ намуданд.
Дар олимпиадаи мазкур 22 ҳазор хонанда аз 107 давлати дунё иштирок намуда дар даври ниҳоиии он зиёда 700 нафар иштирокчӣ аз 30 давлати дунё байни ҳам рақобат намуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ