Хонандагони беҳудагардӣ Гимназияи «Ҳилол» ва мактабҳои №-8, 52 дастгир шуданд

Бо мақсади ошкору пешгирӣ намудани ҳолатҳои ба амалҳои ношоиста даст задани насли наврас кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо шуъбаи милитсияи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар ҳудуди ин ноҳия чорабиниҳои мақсадноки пешгирикунанда гузарониданд.

Тавре  аз ВКД ҶТ  хабар додаанд, дирӯз дар доираи ин чорабиниҳо кормандони милитсия аз маркази интернет ва бозиҳои компютерии «Патриот», ки дар кӯчаи Шевченкои ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт фаъолият мекунад, як гурӯҳ хонандагони мактабро, ки саргарми бозиҳои компютерии хусусияти зӯроваридошта буданд, дастгир карданд.

Ҳамчунин дар таҳхонаи чойхонаи «Роҳат», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, ки дар он ҷо маркази бозиҳои компютерии «Реал» ҷойгир аст, шумораи зиёди хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №-8, 52 ва муҳассилини Гимназияи «Ҳилол» боздошт гардиданд.

Муайян шуд, ки онҳо аз хонаҳояшон бо баҳонаи имтиҳонсупорӣ ба мактаб рафтаанд. Аз беназоративу бемасъулиятии волидон ва муассисаҳои таълимӣ истифода намуда, вақти худро дар марказҳои компютерӣ ба корҳои беҳудаи зараровар мегузаронидаанд.

Ба зикри манбаъ, нисбат ба волидони ноболиғону ҷавононе, ки боздошт шуданд, тибқи талаботи қонунгузорӣ чораҳои дахлор андешида мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *