Хонандагони Душанбе аз Русия бо медал баргаштанд

Се хонандаи тоҷик аз шаҳри Сочии Федератсияи Русия бо се медали олимӣ ба Душанбе баргаштанд.
Олимпиадаи ҷаҳонии астрономия – 2024 аз 16 то 22 сентябр баргузор гардид. Дар он 102 хонандаи болаёқат аз 20 кишвари ҷаҳон иштирок намуданд.
Дар ин сабқати илмӣ се хонандаи Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе иштирок намуда, се медали олимпӣ ба даст оварданд:

  • Абдуҳамидова Сайида – медали нуқра;
  • Салимов Ҳусанҷон – медали нуқра;
  • Ҳусейни Ғуломзода – медали биринҷӣ.
    “Ин дастоварди соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон далели боризи сатҳи баланди омодагии хонандагони тоҷик ва майлу рағбати беинтиҳои онҳо ба тадқиқоти илмӣ мебошад”,-иттилоъ доданд аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *