Хонандагони Қӯрғонтеппа ғолиби «Тӯби чармин»-2017
Дар Душанбе даври финалии мусобиқаи ҷумҳуриявии «Тӯби чармин»-2017, ки дастандаркоронаш Вазорати маориф ва илми ҶТ, Лигаи бачагона-наврасонаи мамлакат ва Федератсияи футболи Душанбе мебошанд, миёни наврасони солҳои тавлидашон 2000-2001 ба анҷом расид.
Барои медалҳои мусобиқа 9 даста дар ду гурӯҳ аз шаҳру ноҳияҳои кишвар талош варзиданд. Ду даста — аз МТМУ №9 шаҳри Қӯрғонтеппа ва гимназияи №4 шаҳри Хуҷанд ба финал баромада, барои ғалаба дар ду қисми асосӣ мубориза бурданд, вале мусовӣ карданд. Ғолибро задани силсилазарбаҳои 11-метра муайян намуд. Хонандагони Қӯрғонтеппа андаке маҳорати беҳтар нишон дода, бо ҳисоби 12:11 дастболо шуда. ҷойи аввал ва медалҳои тиллоро аз худ намуданд. Хуҷандиҳо ҷойи дуюм ва медалҳои нуқра, хонандагони литсеи шаҳри Панҷакент зинаи сеюм ва медалҳои биринҷиро соҳиб гардиданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ