Хонандаи суғдӣ киштии атомӣ ихтироъ кард
Дар вилояти Суғд як хонандаи мактаби миёна киштии атомии зериобӣ ихтироъ кардааст.
Тавре аз як гузориши телевизиони вилоятии СМ-1 бармеояд, Амир Эргашев яке аз иштирокчиёни озмуни шаҳрии техникони наврас, дар ин мабқат бо лоиҳаи киштии атомии зериобӣ, ки «Киштии ояндаи ман» ном дорад ширкат варзидааст.
Ба гуфти амир Эргашев ихтироъкори ҷавон, киштии сохтаи ӯ ба ниҳодҳои ҳарбӣ пешниҳод шудааст.
Кишти сохтаи ихтироъкори ҷавон аз масолеҳи полиетиленӣ, чароғакҳо сохта шуда, навраси тоҷик мехоҳад онро лоиҳа карда ба хориҷа фиристад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ