Хонандаи тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон соҳиби медали тилло шуд

Хонандаи синфи 9-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Марям Абдураҳимова дар Чемпионати ҷаҳон оид ба таэквондо ИТФ, ки дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон идома дорад, соҳиби медали тилло гардид.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, дар мусобиқаи мазкур 900 нафар варзишгар аз 45 давлати дунё байни ҳам рақобат доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ 24 варзишгар намояндагӣ менамоянд.

Хонандаи пойтахт дар рӯзҳои аввали мусобиқа ба ҳамаи рақибонаш ғолиб омада, сазовори медали тилло гардид.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқа 19-уми август оғоз шуда, то 27-уми август идома меёбад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *