Хонандаи тоҷик дар Норвегия ҷойи сеюмро гирифт
Хонандаи тоҷик Дадабоев Рауфҷон аз Филиали Муассисаи таълимии хусусии «Ҳотам ва ПВ» дар шаҳри Ҳисор дар Олимпиадаи умумиҷаҳонии «IMO 2022» аз фанни математика иштирок карда, сазовори ҷойи сеюм гардидааст.
Мудири бахши иттилоотии Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо» Яҳё Авазов гуфтааст, ки олимпиада аз 6 то 16-уми июли соли равон дар шаҳри Ослои Ҷумҳурии Норвегия баргузор гардида, дар он хонандагони 120 кишвари дунё иштирок намудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар он 6 нафар хонанда муаррифӣ кардаанд.
Ҳамзамон, хонандагони тоҷикро дар ин олимпиада 2 нафар омӯзгори фаннӣ ва намоянда аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ намудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ