Хонаву дари ғайриқонунӣ сохтаи худро қонунӣ гардонед
Хароҷоти қонуни афви дороӣ дар Тоҷикистон аз ҳисоби онҳое амалӣ мегардад, ки дороияшонро қонунӣ мекунанд.
Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дороиҳои худро тибқи афв қонунӣ мегардонанд, ба андозаи 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба буҷетҳои маҳаллӣ хироҷ пардохт менамоянд.
“Хароҷоти бо қонунгузории Тоҷикистон пешбинишуда барои барасмиятдарории қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳо аз ҳисоби шаҳрвандон пардохт карда мешавад”, — омадааст дар моддаи 8-уми қонун, ки хароҷоти марбут ба қонунигардониро танзим мекунад.
Қонуни афв барои қонунигардонии дороиҳо дар Тоҷикистон аз моҳи июли соли равон давоми12 моҳи оянда амал хоҳад кард.
Дар доираи ин қонун на танҳо маблағҳоеро метавон қонунӣ кард, балки хонаю иншоотеро низ ки худсарона сохта шудаанд, метавон расмӣ кард.
Чӣ гуна хонаҳои ғайриқонунӣ дар дохилу хориҷи Тоҷикистон қонунӣ мешаванд?
Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд молу мулки ғайриманқули худсарона сохташудаи шахсӣ ё дар фаъолияти соҳибкорӣ истифодашавандаро бо роҳи пешниҳоди ариза қонунӣ гардонанд, омадааст дар моддаи 5 – и қонун дар бораи афви дороиҳо.
Шаҳрвандон барои истифода аз имкониятҳои қонунигардонии дороияшон 12 моҳ муҳлат доранд.
Ин боз як як имконияти хубест, барои шаҳрвандон ки метавонанд, он ҳама иншооту хонаҳои ғайриқонунию худсарона сохаашонро қонунӣ гардонанд. Пас, аз ин имконияти дастдода самаранок истифода карда, дороиву хонаву дар ва иншоотҳои худсаронасохтааторо сари вақ қонунӣ гардонед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ