Хонуми дуздро дастгир карданд
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 33-солаи сокини шаҳри Турсунзода ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир гардид.
Муайян карда шуд, ки гумонбаршуда моҳи июли соли 2016, бо роҳи пинҳонӣ аз хонаи истиқоматии марди 29-солаи сокини шаҳри Турсунзода маблағи пулӣ дар ҳаҷми 20000-доллари амрикоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Далели шайъи қисман ёфта, гирифта шуд.
Нисбати гумонбаршуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ