Маҳдудиятҳои кадри дар Кумитаи давлатии амният

Тибқи тағйиру иловаҳо ба қонун «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Тоҷикистон», аз ин ба баъд танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳаққи фаъолият дар сохтори Кумитаи давлатии амнияти миллиро доранд.
Мансурҷон Умаров, муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 2 ноябр зимни муаррифии тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонун «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Тоҷикистон» гуфтааст, ки “бар асоси ин лоиҳа, танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳаққи корманди Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон буданро доранд”.Ҷаноби Умаров, сабаби ин тағйиротро “сирри давлатӣ” унвон кард ва гуфт, ки бар асоси ин тағйирот, кормандони КДАМТ бояд забони тоҷикиро донанд ва танҳо шаҳрванди Тоҷикистон бошанд ва афроди дорои ду шаҳрвандӣ наметавонанд, корманди ин ниҳод шаванд. номбурда инчунин афзуд, ки бо ин роҳ мехоҳанд, ки аз дастрас шудани маълумоти сиррӣ давлатӣ, пешгирӣ кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *