тарма Хоруғ

Хоруғ: 8 нафар бар асари лағзиши тарма ба ҳалокат расидаанд

Бар асари лағзиши тарма дар қаламрави шаҳри Хоруғи ВМКБ 8 нафар сокинони маҳаллӣ (писар ва духтари чорсола, чор зан) ба ҳалокат расидаанд.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар, бо талоши наҷотдиҳандагон то соати 14:00 дақиқаи 15-уми феврали соли 2023 нуҳ нафар сокинони зери тарма монда наҷот дода шудаанд.

Дар ин офати табиӣ 22 хонаи истиқоматии сокинон зарар дида, 4 хона пурра ва 18 хона қисман хароб гардидааст.

Як ҳайати баландпояи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо сарварии ҷонишини раиси КҲФ, генерал-майор И. Иброҳимзода барои ҳамоҳангсозӣ ва роҳандозии амалиёти наҷот ва рафъи ҳолатҳои фавқулода ба ВМКБ рафтаанд.

— Корҳо барои расонидани ёрии фаврӣ ба хонаводаҳои фавтида ва зарардида, ҳамчунин ҷараёни бартарафсозии паёмадҳои офати табиӣ зери назорати шахсии Сарвари давлат қарор доранд,- мегӯяд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *