Хоруғ: «Биё, бо ҳам бихандем!»
Даври дуюми Фестивали ҷумҳуриявии телевизионии ҳаҷвнигорон таҳти унвони «Биё, бо ҳам бихандем!» дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, дар Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи М. Назарови шаҳри Хоруғ баргузор шуд.
Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, дар фестивал дастаҳои ҳаҷвнигорон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят аз рӯи номинатсияҳои “Интермедия”, “Аскиягӯӣ”, “Тақлидкорӣ”, “Латифагӯӣ”, “Суруди ҳаҷвӣ”, “Монологи ҳаҷвӣ” ва “Саҳначаи ҳаҷвӣ” иштирок намуданд.
— Ҳайати ҳакамон ба ҳунарнамоии иштирокчиён баҳогузорӣ намуда, беҳтаринҳо ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ