Хоруғ: Оғози хизматрасонии автобусҳои нав бо нархи дастрас
Дирӯз, 27-уми март автобусҳои мусофирбар, ки бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони шаҳри Хоруғ дастрас гардид, дар хатсайрҳои шаҳри Хоруғ ба фаъолият оғоз намуданд.
Гуфта мешавад, ки роҳкирои автобусҳо 1,5 сомонӣ буда, реҷаи фаъолияташон аз соати 7:00 то 19:00 аст.
Дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии рушди мақсадноки нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2025» бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон автобусҳои муосири мусофирбарӣ фиристода шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ