Хоруғ-Душанбе роҳ баста шуд

Боришоти беисти барф дар шабонарӯзи охир дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сабаби мушкилоти зиёд дар рафтуомади нақлиёти боркашу мусофирбар дар роҳҳои мошингард гардидааст.

Бино ба иттилои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, роҳи сатҳи байналмилалии Хоруғ-Душанбе дар ҳудуди ноҳияҳои Дарвозу Рӯшон ва Шуғнон бинобар сабаби фаромадани тармаю кӯҳпораҳо баста мебошад.

Ҳамзамон роҳҳои Хоруғ-Ишкошим ва Хоруғ-Мурғоб низ банд шуда, боришоти бошиддати барф дар ҳудуди вилоят  идома дорад.

Ғафсии қабати барф дар маркази маъмурии вилоят- шаҳри Хоруғ бино ба иттилои Раёсати махкур, 35 сантиметрро ташкил медиҳад. Дар маҷмӯъ ғафсии қабати барф дар вилоят то ба 75 сантиметр расида,   сабаби ташвиши сокинон гардидаст. Дар айни замон бошандагон ба тоза кардани бомпӯшҳои биноҳои истоқоматӣ машғул мебошанд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Ғарибшоҳ Шаҳбозови ноҳияи Шуғнон болопӯши ҳафт манзили истиқоматӣ хароб гардида, ҳар лаҳза фаромадани тармаҳо дар роҳҳо аз эҳтимол дур нест.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *