Хоруғ: Писар падарашро латукӯб намуд

Фирӯз Чоршанбиев, сокини 38-солаи шаҳри Хоруғ шаби 4 апрел дар ҳолати мастӣ падари 63-солааш Шоғариб Чоршанбиевро латукӯб кардааст.

Падар роҳнамои зиндагӣ ва тарбиятгари фарзандон дар оила буда, бо тамоми кӯшишу меҳнати худ фарзандонро ба воя мерасонад. Фарзанд бояд дар овони пирӣ дастгиру мададгори падару модари худ бошад, аммо то ҳанӯз фарзандоне ёфт мешаванд, ки падару модари худро ранҷу азоб медиҳанд.

Дар робита ба ин, ба ШВКД дар шаҳри Хоруғ аризаи шаҳрванд Чоршанбиев Шоғариб, соли таваллудаш 1955, сокини шаҳри Хоруғ, дар он хусус ворид гардид, ки санаи 4-уми апрели соли равон, соати 01:30-дақиқаи шаб, писараш Чоршанбиев Фируз Шоғарибович, соли таваллудаш 1980, сокини шаҳри Хоруғ, оиладор, соҳиби як фарзанд, дар ҳолати мастӣ дар хонаи истиқоматиаш бо падар ва аҳли хонавода ҷангу ҷанҷол намуда, падари худро мавриди лату кӯб қарор додааст.

Ҳамчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди шаҳри Хоруғ шаҳрванд Ҳайдарбеков Фармонбек Мамадбекович, соли таваллудаш 1984, сокини шаҳри Хоруғ, барои ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор дастгир карда шуда, ҳангоми гузаронидани кофтукови дохили хонаи истиқоматӣ аз даруни шифти хонааш 2 адад гугирдқуттӣ, ки дар дохилашон маводи хамираи ҷигариранг ва як адад селофани полиэтиленӣ, ки дар дохилаш маводи монанд ба маводи нашъадор буд, дарёфт ва мусодира карда шуд.

Мувофиқи маълумотномаи ташхисӣ-криминалистии РВКД дар ВМКБ маводҳои дарёф кардашуда, маводи навъи «афюн» дар ҳаҷми 20 грамм ва маводи «ҳашиш» дар вазни 70 граммро ташкил медиҳанд.
Санаи 2-юми апрели соли ҷорӣ дар бозори марказии шаҳри Хоруғ шаҳрванд Давлатёров Давлатёр Бахтиёрович, соли таваллудаш 6 ноябри соли 1973, истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шуда, ба ШВКД дар шаҳри Хоруғ оварда шуд.
Зимни пурсиш аз тарафи кормандони милитсия маълум гардид, ки номбурда ҳангоми баромадан аз ошхонаи «Угалок», воқеъ дар шаҳри Хоруғ аз кисаи сумкаи рангаш сиёҳ, ки ба шаҳрванд Алибекова Ҳанифа Амирбековна тааллуқ доштааст, маблағи 180-сомониро дуздида, ба манфиати шахсиаш сарф кардааст.
Оиди ҳодисаҳои мазкур тафтишоти пешакӣ дар ШВКД шаҳри Хоруғ идома дорад.
Далер Чоршанбиев, капитани милитсия.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *