“Хостгорӣ” ба намоиш гузошта шуд
Дирӯз дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ нахустнамоиши «Хостгорӣ» аз рӯи асари Антон Павлович Чехов дар тарҷуми Лола Ҳоҷибоева манзури тамошобинон гардид. Хабар медиҳад АМИТ “Ховар”
Ба иттилои манбаъ ин намоишнома дар таҳияи коргардон ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Давлат Убайдуллоев ба саҳна гузошта шуд. Ва муҳтавои асосиаш аз истифодаи босамари вақт дар зиндагии инсонҳо иборат мебошад.
Гуфта мешавад, ки нақшҳои асосиро дар намоишномаи “Хостгорӣ” ҳунармандони маъруф Маҳмадӣ Мирзоев, Салоҳиддин Шукурзода, Шамсия Асанова, Марҷона Наврузмамадова ва дигарон иҷро намудаанд.
Дар назар аст, ки намоишномаи мазкур 27 феврал, соати 14:00, такроран ба саҳна гузошта мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ