Ховалинг: Сироятёбии одамон аз гов
Аз Қудратулло Мунисов,раҳбари маркази бойтории ноҳия гуфтааст ин афрод аз як гови мубталои “ҳорӣ” сироят шудаанд, бар иловаи панҷ нафар бештар аз 10 сокини дигари русто воксин гирифтаанд.
Сайидҷаъфар Миров, соҳиби гове, ки мубталои “ҳорӣ” шудааст, мегӯяд, чорвои ӯ дар чарогоҳи тобистона қарор дошт ва баъди ба деҳа овардан мисли ҳайвони ваҳшӣ рафтор мекард: “Касеро наздик шудан намегузошт, талош мекард, ки бигазад. Монанди девонаҳо буд, ҳатто дуруст алаф намехурд”.
Номбурда афзуд,ки аз ин ҳолат ба ташвиш омада, бойторҳоро даъват карданд. Баъди ташхис маълум шуда, ки ин ҳайвон мубталои “ҳорӣ” шудааст: “Тавсия шуд, ки говро кушта, бисӯзонем ва зери хокаш намоем. Мо зуд ин корро анҷом додем. Баъди ин ҳолатамон бад шудан гирифт ва маълум гардид, ки тариқи хун ва луоби даҳони гов сироят шудаем”.
Саидҷаъфар мегӯяд, зуд онҳо воксин шуданд ва ҳоло зери муроқибати доимии табибон қарор доранд.
Қудратулло Мунисов, директори Маркази бойтории ноҳияи Ховалинг мегӯяд, ангезаҳои “ҳорӣ” дар вуҷуди ҳайвоноти ваҳшӣ, монанди гург, хирс, рӯбоҳ, шағол, хук ва монанди инҳо мавҷуд аст ва тавассути газидан ба ҳайвоноти хонагӣ мегузарад: “Баъди ин ҳодиса бештар аз 600 сар ҳайвони калони шохдор, 100 сар моли майда ва 30 маркабро доруи зиди “ҳорӣ” гузаронидем”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ