Хуҷанд: 1 кило ангишт 80 дирам
Имрӯз, 31 октябр дар микроноҳияи 34-и шаҳри Хуҷанд, назди саристгоҳи мусофиркашонии “Абрешим” ярмарка-фурӯши ангишт ташкил карда шуд.
Дар 8 мошини калони боркаш беш аз 160 тонна ангишт бо нархи 80 дирам сари ҳар кило ба фурӯш гузошта шуд.
Аз хадамоти матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд ба Pressa.tj иттилоъ доданд, ки ин иқдом бо мақсади таъмини сокинони шаҳр дар давраи зимистони дарпешистода, инчунин ба танзим даровардани нархи ин намуди маводи сӯхт дар бозори истеъмолӣ ба роҳ монда шуд.
Таъкид гардид, ки чунин ярмаркаҳо ҳамасола дар ҳамин мавсим ташкил карда мешавад. Он имкон медиҳанд, ки сокинон барои зимистонгузаронӣ ангиштро бо нархи чанд маротиба арзон харидорӣ намуда, захира намоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ