Хуҷанд: 1870 кӯдак дар навбати боғча

Дар шаҳри Хуҷанд 1870 кӯдак дар навбатанд, то ба муассисаҳои томактабӣ фаро гирифта шаванд. Дар ин бора раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни нишасти матбуотии ниҳоди тобеъаш ба хабарнигорон иттилоъ дод.

“Дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳр 32 кӯдакистони давлатӣ, 14 кӯдакистони хусусӣ фаъолият мекунанд, ки дар он 9961 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд ва айни ҳол 1870 нафар кӯдак барои боғча дар навбатанд” – гуфт, раиси шаҳр.

Ба гуфтаи Муҳаммадзода ғайр аз боғчаҳои кӯдакона дар шаҳри Хуҷанд, инчунин дар 14 муассисаи таҳсилоти миёнаи шаҳрӣ ва 18 гурӯҳи Маркази инкишофи кӯдакон амал мекунанд, ки дар онҳо 423 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Бо мақсадҳои ғайримақсаднок истифода шудани муассисаҳои томактабиро раиси шаҳри Хуҷанд шарҳ дода афзуд, ки:

“Дар вақти барҳамхӯрии ҳокимияти Шӯравӣ бисёре аз иншоотҳое, ки барои кӯдакистонҳо пешбинӣ шуда буданд, аз ҷониби Кумитаи амволи давлатии ҶТ ва Қарори ҳукумати кишвар барои ба моликияти коммуналии шаҳру ноҳияҳо дохил намудан чораҳо андешида шуд. Аммо баъзе аз ин муассисаҳо ба моликияти хусуси табдил дода шуда аз фаъолият боз монда баъзеашон ғайримақсаднок истифода мешаванд, ки яке аз ин муассисаҳо боғчаи №5-и комбинати Абрешим буд.”

Хушбахтона, бо дастури раиси шаҳри Хуҷанд муассисаи мазкур дубора ба фаъолият шуруъ намуда барои кӯдакони ятими кӯл пешбини шудааст.
Фарзона Муродӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *