Хуҷанд: 38 корхонаи саноатӣ истеҳсоли маҳсулотро кам карданд

Дар шаҳри Хуҷанд давоми 6 моҳи аввали соли равон 38 корхонаи саноатӣ маҷмӯи истеҳсоли маҳсулотро кам карданд.

Дар ин бора Фирдавс Шарифзода, раиси шаҳри Хуҷанд имрӯз, 23 июл ҳангоми натиҷагирӣ аз фаъолияти 6 — моҳаи хоҷагии халқи шаҳр ба намояндагони ВАО иттилоъ дод.

Вай гуфт, ин корхонаҳо зери назорати қатъӣ қарор доранд ва сабабу омилҳои пурраи кам истеҳсол кардани маҳсулоташон дақиқ карда мешаванд.

Эҳтимол меравад, ки яке аз сабабҳои аслии ин ҳолат мушкилоти таъмини нерӯи барқ ва дастрасӣ ба технологияҳои муосир бошад.

Ҳамчунин, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра боз 12 корхонаи саноатӣ аз фаъолият боз монданд. Инҳо корхонаҳои хурди истеҳсолӣ буда, ҳоло барои барқарор карданашон масъулин муваззаф шудаанд.

Таъкид гардид, ки бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта давоми нимсолаи аввал ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 715,9 млн сомониро ташкил намуд. Корхонаҳои саноатии шаҳр дар ин давра, дар умум 160 номгӯйи маҳсулотро истеҳсол карданд, ки нақша 100 фоиз таъмин шудааст. 

Теъдоди корхонаҳои истеҳсоли хурду миёнаи саноатӣ ба 298 адад расида, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 23,7 дар сад ё 57 адад зиёд мебошад.

Фарзона Шамсиева

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *