Хуҷанд: Аҳмадзода бо сохтмони иншооти соҳаи маориф шинос шуд
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ва бунёди як қатор иншооти соҳаи маориф шинос гардид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, зимни боздид аз МТМУ №28 хабар дода шуд, ки бинои нави муассисаи таълимӣ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо харҷи 18 миллион сомонӣ сохта мешавад. Тибқи лоиҳа иншоот аз чор ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 23 синфхона ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Мактаб барои 1280 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, алҳол наздики 100 нафар сохтмончиёни маҳаллӣ машғули коранд.
Сипас, раиси вилоят сохтмони ширхоргоҳ-кўдакистони №18-и шаҳри Хуҷандро мавриди таваҷҷуҳ қарор додааст. Ба иттилои масъулин, муассисаи таълимӣ соли 1959 сохта шуда, масоҳаташ 0,33 гектарро ташкил медиҳад. Кўдакистони бунёдшаванда бо назардошти талаботи замони муосир сохта шуда, дар он 180 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.
Дар идомаи боздиди корӣ роҳбари вилоят аз маҳали бунёди мактаб-интернати нав барои хурдсолони ношунаво ва шунавоиашон суст боздид намудааст. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар маҳаллаи 18-уми шаҳр барои ин қишри ҷомеа мактаб-интернати замонавӣ бо 300 ҷой сохта хоҳад шуд. Дар асоси лоиҳа иншоот дорои бинои асосӣ, биноҳои ёрирасон, хобгоҳ ва дигар инфрасохтори зарурӣ аст.
— Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон бо рафти сохтмони бинои истиқоматии иҷтимоӣ ва ҷойи бунёди мактаби инноватсионӣ дар маҳаллаи Темурмалик ошно шуда, ба масъулин ҷиҳати оғози корҳои ба нақшагирифташуда ва бо сифати баланд омода намудани иншооти сохташаванда дастуру супоришҳо дод,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ