Хуҷанд: Чаро об қимат шуд?

Аз 1-уми декабри соли равон арзиши оби нӯшокӣ ва рафъи партовоб дар шаҳри  Хуҷанд барои аҳолӣ ва ташкилотҳои буҷавӣ ба ҳисоби миёна 20 дирам қимат  шуд, ки аҳолии шаҳр аз ин дар ташвиш афтодаанд.

Нархномаи нави об

Ба иттилои директори генералии  КВДК “Хуҷандобуканал” Носир Ғафурзода, тибқи қарори № 732-уми раиси шаҳри Хуҷанд Муҳаммадзода Маъруф, аз 1.11.2019 сокинони маҳаллӣ барои 1 метри мукааб оби нӯшокӣ 1 сомонию 20 дирам ва рафъи 1 метри мукааб партовоб 80 дирам мепардозанд, ки то ин дам  барои ҳамин андоза оби ошомиданӣ 1 сомонӣ ва барои рафъи партовоб 60 дирам месупурданд.

Ташкилотҳои буҷавӣ бошанд,  барои 1 мукааб оби нӯшокӣ 2 сомонию 4 дирам ва рафъи партовоб 1 сомонию 20 дирам бо иловаи 18% андоз аз арзиши иловашуда муқаррар гардидааст. Пештар ташкилотҳои буҷавӣ барои  оби нӯшокӣ  1 сомонию 70 дирам ва рафъи партовоб 1 сомонӣ мепардохтанд. Ҳамзамон барои ташкилотҳои хоҷагидорӣ нарх бетағйир мондааст. Онҳо барои 1 мукааб оби нӯшокӣ 6 сомонӣ ва рафъи партовоб 1 сомонию 70 дирам месупоранд.

Хуҷандобуканал: “Хизматрасонӣ қимат шуд”

Носир Ғафурзода қимат шудани  нархи обро дар омилҳои мухталифи хизматрасонӣ мебинад ва сабаби аввалро дар гарон будани арзиши барқ арзёбӣ мекунад.

Номбурда гуфт, ки болоравии нарх дар асоси фармоиши Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҶТ таҳти рақами №165 аз 25-уми октябри соли ҷорӣ ва қарори раиси шаҳри Хуҷанд таҳти рақами №732 аз 26-уми ноябр “Дар бораи тасдиқ намудани нархномаҳои истифодабарии оби нӯшокӣ ва хизматрасонии рафъи партовоб” сурат пазируфтааст.

Вай афзуд, ки бори охир арзиши оби нӯшокӣ ва рафъи партовоб дар шаҳри Хуҷанд 1-уми январи соли 2017 боло рафта, то кунун бетағйир монда буд.

“Дар шаҳри  Хуҷанд 5 иншоот ва зиёда аз 30 нуқтаҳои хурд дар таҳхонаҳои хонаҳои истиқоматии  баландошёна- насосҳои обболобардор ва ғайр аз ин стансияҳои насоси партовобболобардор ҳаст, ки ҳамаш бо қувваи барқ кор мекунад. Якмоҳа қувваи барқи истифодашуда беш аз 2 миллиону 400 ҳазор кв аст”,- илова кард директори корхона.

Ҳамчунин КВДК “Хуҷандобуканал” барои амалӣ сохтани  “Лоиҳаи беҳтаргардонии таъминоти оби нӯшокӣ” аз соли 2014 ба 10 миллиону 30 ҳазор доллар ниёз дошт, ки 3, 5 миллион долларашро тариқи кредит дарёфт кардааст, ки ин низ ба баланд шудани нархи об бетаъсир намонд. 

“Сӯзишворӣ, равғанҳои молиданӣ,  насосҳои амудӣ ва ғайраро истифода мебарем, ки ҳар кадоми онҳо бо қувваи барқ кор мекунад ва хароҷоти зиёдро тақозо мекунад”,- гуфт номбурда. 

Норозигии сокинон

Болоравии нархи об норозигии сокинони шаҳри Хуҷандро ба бор овард. Зеро дар давоми сол якбора нархи маҳсулоти озуқаворӣ, сӯзишворӣ,  неруи барқ ва садҳо намуди хизматрасонӣ  ба маротиб боло рафта, косаи сабри шаҳрвандон аз болоравиҳо лабрез шудааст. Дар охири сол эълон шудани болоравии нархи об барои хуҷандиён “туҳфаи солинавӣ” шуд.

Сомонаҳои иҷтимоӣ баъди эълони гарон шудани нархи об аз шикояти сокинон метаркад, аммо чӣ илоҷ? Фақат сарро хам кардаву пули обро супоридан лозим меояд, зеро гӯши фарёдшунаве нест…

Фарзона Муродӣ, ш. Хуҷанд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *