Хуҷанд: Мулоқоти Фирдавс Шарифзода бо соҳибкорони чинӣ
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода як гуруҳ соҳибкорони чиниро, ки бо мақсади ҳамкорӣ ва таъсиси корхонаҳои нав дар шаҳри Хуҷанд ташриф оварда буданд, ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот ҷонибҳо аз густариши ҳамкории мутақобилан судманди ҳарду тараф ҳарф заданд.
Роҳбарияти шаҳри Хуҷанд доир ба таърих, вазъи иқтисодию иҷтимоии шаҳр, рушди соҳаҳои гуногун ва захираву имкониятҳои мавҷуда маълумот дода, ҷиҳати тақвиятбахшии ҳамкорӣ бо ширкатҳои истеҳсолии чинӣ изҳори омодагӣ кард.
Таъкид карда шуд, ки шаҳри Хуҷанд бо кишварҳои гуногуни олам ҳамкорӣ дошта, ҳаҷми гардиши савдои хориҷии он дар 9 моҳи соли ҷорӣ 339, 3 миллион доллари амрикоӣ баробар гардид.
Соҳибкорони чинӣ ба шаҳрдор барои қабули расмӣ изҳори миннатдорӣ намуда, иттилоъ доданд, ки онҳо нақша доранд, дар бахшҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳр ҳамкориро ба роҳ монанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ