Хуҷанд: Сӯхтор 356 метри мураббаъи бинои истиқоматиро фаро гирифт
Сӯхтор дар бинои шашошёнаи истиқоматӣ дар микрорайони 20-уми шаҳри Хуҷанд баъд аз зуҳри 15-уми март рух дод.
Хадамоти оташнишонии шаҳр гуфтааст, ки дар натиҷаи сӯхтор даҳ манзил ва як бом осеб дидааст. Дар ҳоли ҳозир омилон ва сабабҳои сар задани сӯхтор муайян карда мешавад. Сӯхтор дар ошёнаҳои болоии бинои шашошёнаи истиқоматии рақами 10/а рух додааст. Бар асари оташсӯзӣ 356 метри мураббаъ алангаи оташ гирифт.
Дар хадамоти оташнишонӣ ба «Азия-Плюс» хабар додаанд, ки ҳашт манзил ва боми болои онҳо комилан сӯхта, дар ду хонаи дигар як ҳуҷра осеб дидааст. “Дар сӯхтор касе осеб надидааст. Дар ҳоли ҳозир омилон ва сабабҳои сӯхтор муайян карда шуда, муфаттишон тамоми маълумоти заруриро ҷамъоварӣ мекунанд. Зарари моддии расида аз ин ҳодиса низ ҳисоб карда мешавад”,- гуфтааст дар суҳбат ба ОИ «Азия-Плюс» сардори қисми мустақили 23-юми Хадамоти ҳарбии давлатии оташнишонии шаҳри Хуҷанд Ҷамолиддин Нарзизода.
Ба гуфтаи Нарзизода, хабар дар бораи сар задани сӯхтор ба панел соати 13:08 расида, пас аз се дақиқа ба ҷои ҳодиса дастаи аввали оташнишонӣ ҳозир шудааст. Барои хомӯш кардани сӯхтор ниҳодҳои оташнишонии шаҳрҳои наздики вилоят низ ҷалб шудаанд. Дар маҷмуъ барои рафъи сӯхтор 17 мошини оташнишонӣ ва 9 узви экипажи ҷангӣ ҷалб шудаанд.
«Соати 13:48 сӯхтор пурра хомӯш карда шуд. Барои берун овардани ашё аз манзилҳои осебдида ба сӯхторнишонҳо се соати дигар лозим шуд»,- гуфт Нарзизода.
Ёдовар мешавем, ки ин аввалин сӯхтори шадид дар шимоли ҷумҳурӣ нест. Моҳи феврал дар Хуҷанд як қаҳвахонаи меҳмонхонаи «Парламент» оташ гирифт ва дар авоили моҳи январ дар яке аз қаҳвахонаҳои маъруфи Хуҷанд — «Насими Баҳор» сӯхтори шадид сар зад, ки ҳудуди 160 метри мураббаъро ба коми оташ кашид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ