Хуҷанд соҳиби мошинҳои нави партовкашон шуд
Ба шаҳри Хуҷанд 9 нақлиёти нави партовкашон ворид карда шуд.
Нақлиёти партовкашонӣ ва 52 автошина (чархи мошин) дар доираи лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишӣ»-и шаҳри Хуҷанд, марҳилаи 2-юм ба Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ» дастрас карда шудааст.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни супоридани калиди нақлиёт аз роҳбарияти шаҳр ва КВД «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ» даъват ба амал овард, ки барои боз ҳам тозаву обод намудани кӯчаву хиёбонҳои шаҳр ҷаҳд намоянд.
Маъмур Юсуфзода, сухангӯи раиси шаҳри Хуҷанд дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки ин иқдом бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти кормандони Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ»-и шаҳри Хуҷанд амалӣ карда шуд.
Гуфта мешавад, ки ба Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ» харидории нақлиёти махсус ва механизмҳо, контейнерҳо ва лавозимоти корӣ, барқарор намудани нуқтаҳои ҷамъоварии партовҳои сахти маишӣ, харидории таҷҳизоти коркарди партовҳо ва васеъкунии майдони партовгоҳ низ пешбинӣ шудааст.
Фарзона Шамсиева
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ