Хуҷанд: Воҳима короновирус нархҳоро боло бурд, ҳатто испанд қиммат шуд
Воҳимаи короновирус дар Хуҷанд сабаб шудааст, ки нархҳои бозор якбора ба осмони ҳафтум дакка хурад. Ҳатто баъди фоидаоварб будани ҳазориспанд нархи ин гиёҳ низ боло рафтааст.
Чун анъана дар арафаи тамоми иду ҷашнҳо нархҳо, ба хусус нархи маводи ниёзи аввал ба осмони ҳафтум дакка мехӯрад. Ба қавле ҳар иду айёмро соҳибкорон пештару бештар пешвоз мегиранд. Дар иду айём ҷайби мо холишавӣ ва аз они онҳо пуршавӣ мекунад. Вале имсол идҳои баҳорӣ бо воҳимаи короновирус якҷо шуда сабаби калонтар шудани навфси савдогарони Хуҷанд гардид.
Танҳо дар давоми 2 соати рӯзи 18-уми март нархи бринҷ як сомонӣ, нархи картошка ва шакар 50-дирамӣ ва нархи халтаи ОРД 15 сомонӣ қимат шудааст.
Зеро санаи 17-уми март як кг бринҷ 11 сомонӣ бошад, ҳоло 11, 5 – 12 сомонӣ, картошка 4 сомонияш 4,5 сомонӣ ва 5 сомонияш 5, 5 сомонӣ шуд. Як кг шакар, ки 6, 5 сомонӣ буд 7 сомонӣ ва дар баъзе дӯконҳо 7, 5 сомонӣ шудааст. Нархи халтаи орд бошад 190 сомонӣ буд, айни ҳол 200 ва 205 сомонӣ фурӯхта истодаанд. Картошкаи ба қавли фурӯшандаҳо “дастчин” то 7 сомонӣ шуд.
Айни ҳол ба гӯши касе гӯшту тухм “намефорад”. Аммо ба гуфти раҳматии бибиям ҳамаи хӯрокро ҷисм талаб мекардаасту гӯштро ҷон. Барои ҳамин атрофи растаи гӯштфурӯшон ҳам камодам нест. Дар маълумотномае, ки оид ба фурӯши чаканаи маводи хӯрока дар бозори “Панҷшанбе”-и Иттифоқи матлубот дар шаҳри Хуҷанд дастрас кардем нархи як кг гӯшти гов 45-48 сомонӣ муқаррар шудааст. Аммо ба ин нарх “гӯшт” гуфта 800 грамм устухон ва 200 грамм гӯшт медиҳанд, ки ба ном “гӯшти устухондор” аст. Вақте ба хона омада гӯштро майда мекунӣ мебинӣ, ки гӯшти устухондор нею устухони гӯштдор будааст. Илова бар ин нархҳое, ки (ба акс нигаред) мо бардоштем нархи як кг гӯшт 62-65 сомонӣ аст.
Бо иқдоми ҳукумати вилоят ва палатаи савдои вилоят дар маркази шаҳри Хуҷанд-Универмаг ярмарка ташкил карда шудааст. Ҳадафи ярмарка паст кардани шиддати нархҳо ва аз дасти аввал дастрас кардани молу маҳсулоти ғизоӣ аст. Аммо рӯзи 19 март вақте ба ярмарка омадем дидем, ки нархҳо аз нархи бозор ягон фарқе надоранд. Баръакс нархи тухм 25 дирам қимат аст.
Дар маълумотномае, ки оид ба фурӯши чаканаи маводи хӯрока дар бозори “Панҷшанбе” ба санаи 19. 03. 2020 мувофиқ тартиб додаанд, нархи картошка 3-5 сомонӣ нишон дода шудааст. Аммо шахсан ман як кг картошкаи дастчинро санаи 18-уми март ба арзиши 7 сомонӣ харидам. Ё нархи макарон 6-7,5 сомонӣ нишон дода шудааст. Лекин 19-уми март вақте ба бозор рафтем як кг макаронро даҳ сомонӣ харидорӣ кардем.
ОРДУ РАВҒАНУ ШАКАР ва КАРТОШКАЮ БРИНҶ- 2 ҳафта боз фурӯшангонашонро милионер карданд. Навбат ба испанд расид.
Бе ин ҳам дуди оҳи мардум аз дуди ИСПАНД баландтар шуда истодааст, аммо як бандчаи ин гиёҳро 5 сомонӣ фурӯхтан нуқтаи ниҳоии беинсофист.
Фарзона Муродӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ