Хуҷанд: Як кӯчаи беном ба номи шоир Кулолӣ гузошта мешавад

Дар асоси қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд бо пешниҳоди комиссияи номгузорӣ ва ивази номи иншооти таърихию ҷуғрофӣ яке аз кўчаҳои номнадоштаи микроноҳияи 28-уми шаҳр ба номи Кулолӣ (Юнусов Абдуфаттоҳ Юсуфҷонович) гузошта мешавад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, дар ин бора вакилони шаҳрӣ қарори дахлдорро қабул намудаанд.

Бояд гуфт, ки шоир Абдуфаттоҳ Кулолӣ узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи адабиии ба номи Раҳим Ҷалил буда, муаллифи ячанд асарҳои илмӣ, адабӣ ва фарҳангию публитсистӣ мебошад. Мавсуф 16-уми августи соли 2020 дар синни 78-солагӣ дунёро падруд гуфтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *