Хуҷанд: Зани 33-солае, ки қасди худкушӣ дошт, наҷот дода шуд

Наҷотдиҳандагон Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зани ҷавонеро, ки мехост худкушӣ кунад, наҷот доданд.

Бино ба иттилои ниҳоди мазкур, ин ҳодиса 30-юми январи соли 2022 соати 15:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар соҳили дарёи Сир, дар шаҳри Хуҷанд рух додааст. Як зани 33-сола, ки сокини шаҳри Хуҷанд будааст, худро ба дарё сарозер кардааст, то ба ҳаёти хеш поён диҳад.

— Дар бораи кӯшиши худкушии зани ҷавон шоҳидон ба Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд хабар доданд. Имдодгарон сари вақт ба ҷойи ҳодиса расиданд ва ӯро аз об ба соҳил бароварданд, кумакҳои аввалияи тиббиро расониданд. Вале баъдан ӯ аз бистарӣ шудан дар беморхона худдорӣ кард,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *