Хуҷандиҳо дарахтони азимро дар Хатлон решакан мекунанд

Вақте  ки дар бораи кам шудани дарахтону ҷангалзорҳо, буттазорҳо, поймол гардидани алафзору киштзорҳо сухан меронем, дил ба дард меояд, ҳазорҳо афсӯс мехӯрӣ. Охир, чӣ хел табиати  зебою дилкаш, дӯлоназору хучу олуча, бешазорҳои  анбуҳ дорем!

Аз Кӯлоб тарафи Муъминобод омадан қади роҳҳо пур аз дарахтони дӯлона, қади Шаҳринаву Сайёду Момандиён, Чаргиҳои болову поён пур аз дарахтони гуногун буданд. Ҳоло аз онҳо хотираҳо мондаасту халос. Дар 30-35 соли охир ҳамаи онҳо ба коми сӯзишворӣ, фурӯш, бизнес рафтанд.

Ҳоло бародарони хуҷандӣ омада, на танҳо чормағзҳои азим, балки решаҳои онҳоро канда, бо нархҳои пучу барои мебелсозӣ мебаранд. Чинорҳои 700-800 — солаи деҳаи Боғиҳабиб, Марғақ, маркази ноҳия несту нобуд гардиданд. Ба тухми кабку будана, ғизол, оҳу қирон омад. Одамон бераҳмона дарахту буттазорҳоро нест карда, ҷонварони бисёрро ба нестӣ расониданд. Аз вақте ки “бензопилаҳо” пайдо шуданд, суръати нестшавии ҷангалҳо  даҳчанд афзуд.

Маҳз нобудшавии дарахтону буттазорҳо боис гардид, ки деҳаҳои Туту, Ҳанатарош, Душанбе, Кулчашма, Деҳлоло ва ғайраро  селҳои мудҳиш зада, вайрону валангор карданд. Роҳҳо вайрон, чорво ҳатто одамон талаф ёфтанд.

Бо 10-12 нафар  ҷангалбонҳо, се нафар коркунони идораи ҳифзи табиат пеши роҳи нестшавии ҷангалзорҳоро гирифтан амри маҳол буд. То солҳои 2010 шумораҳои  ҳифзи табиат  коркунони ғайриштатӣ, ёрдамчиён доштанд, ки дар ҳифзи муҳит саҳми бузург мегузоштанд. Аммо онҳоро барҳам доданд. Тасаввур кунед, ки дар дасти аҳолӣ қариб 4 ҳазор сар хар ҳаст. Агар ҳар ду рӯз бо онҳо 4- дарзагӣ ҷамъ 16 ҳазор  дарзаи ҳезум, буттаҳо гулхорро зада биёранд, дар як сол  қариб 3 миллион дарза мешавад.

Агар мошинҳои пурбори ҳезумбизнесҳо, ки бо “бензопила” дарахтонро  дар ним соат кундача мегардонанд, бо ҳисобҳои одӣ  5-6 миллион дарза ҳисоб кунем, пас соле танҳо дар ноҳияи Муъминобод 8-9 миллион дарахт нест мешавад. Боз ба болои ин ноҳияҳои кӯҳистони Ш. Шоҳин, Ховалинг, Балҷувон, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Фархорро илова кунем, чӣ қадар рақамҳои калону мудҳишро ташкил мекарда бошанд.

Масъулони ҳифзи табиати ҷумҳурӣ аз ин ба изтироб намеомада бошанд?

Нурулло Ҳасанов,

н. Муъминобод

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *