Хуҷастаи Мирзовалӣ: Фахр не, шукр мекунам

Ҳафтаи гузашта овозхони опера ва эстрадии тоҷик Хуҷастаи Мирзовалӣ, ки ҳоло дар «Оркестри давлатии симфонӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад, меҳмони барномаи интернетии “Корзина”-и ютубканали Pressa.tj буд.

Суҳбати ошкорои Хуҷастаи Мирзовалӣ асосан бобати тозагии санъату шоу-бизнес, таҳсил дар Италия, камбудиҳои эстрада, норасоиҳои опера, омӯзгорӣ дар Консерваторияи миллӣ, корбарӣ дар Инстаграм ва тӯйгардиҳо сурат гирифт, ки дар зер мутолиа менамоед.

Аз каҷравӣ то хатми аспирантура

Хуҷаста, шумо дар як суҳбат гуфта будед, ки санъат мисли роҳи қатора асту рост рафтанро тақозо мекунад ва агар каҷ рафтӣ, шояд муваффақ нашавӣ, лутфан, ба мо бигӯед, ки каҷравӣ чист ва як санъаткор чӣ кор кунад, то ки рост гардад?

 — Каҷравиро шумо аз ман беҳтар медонед, яъне ба роҳи бад рафтан. Дар зиндагӣ бояд роҳи дурустро интихоб кунем, роҳеро, ки моро ба роҳи рост мебарад. Обрӯи инсон, хусусан аз санъаткорон, дар нӯги сӯзан аст ва агар санъаткор ҷинси латиф бошад, боз зиёдтар. Ман фикр мекунам, ки ҳунармандон худ тарбиятгари ҷомеа ҳастанд, ба ин хотир мо бояд каҷ ва ба роҳи хато наравем.

— Шоу-бизнеси тоза ҳаст?

— Бале! Сухани он, ки санъат ё шоу-бизнес тоза нест, дурӯғ аст, зеро на санъат ва на шоу-бизнес гуноҳе надоранд. Ин мо инсонҳо ҳастем, ки дар дохили онҳо ҳастем, кор мекунем, фоида мегирем, худамонро муаррифӣ мекунем ва ба қадри фаҳмишу тафаккурамон муаррифгари санъату шоу-бизнеси кишвар мешавем. Тоза будан ё набудан аз ҳар яки мо вобаста аст ва ба ҳеҷ ваҷҳ наметавон гуноҳро ба шоу-бизнес марбут донист.

Тавре медонем, шумо дар жанри опера дар чандин озмунҳои байналмилалӣ иштирок кардед ва ҷойҳои намоён гирифтаед, чаро ҳоло пурра дар саҳна эстрада мехонед?

— Ин дуруст аст, ки ҳоло бисёртар ман дар жанри эстрада мехонам ва ин, пеш аз ҳама, ба талаботи мардум вобаста аст. Бояд мо қабул кунем, ки опера дар кишвари мо ба андозаи эстрада ҳаводор надорад. Ногуфта намонад, ки ман аз опера нарафтаам ва дар ин самт ҳам корҳои зиёд анҷом дода истодаам.

— Эстрадаи мо чӣ камбудӣ дорад?

— Ба эстрадаи мо консертҳои зинда намерасад.

— Ба опера чӣ намерасад?

— Аудитория.

Чаро дар Инстаграм реклама надоред?

— Ман блогер нестам, барои ҳамин.

— Шумо 228 ҳазор обуначӣ доред, онҳо фейк нестанд?

— Не, Инстаграми ман аз соли 2014 фаъол аст ва оҳиста-оҳиста мухлисон ва ҳаводорони ҳунарам он ҷо ҷамъ шудан гирифтанд.

Бар ивази вақтсарфкунӣ аз Инстаграм чӣ мегиред?

— Ман бо мухлисонам дар иртибот мешавам ва аз навгониҳоям онҳоро бохабар мекунам.

Шумо пештар ба қавле овозхони тӯйгард набудед, аммо ҳоло ба тӯю маъракаҳо меравед, сабаб чист?

— Пештар зиёдтар ба донишомӯзӣ вақтамро сарф мекардам, соли гузашта аспирантураро хатм кардам, акнун вақташ омадааст, ки ба поям рост истам.

— Мавзӯи кори аспирантиатон чӣ буд?

— Мо мавзӯъ намегирем, балки консерти якка баргузор мекунем. Ман ин корро бо сари баланд иҷро кардам.

Аз дастгирии Президент то қиссаи “Ман тоҷикам”

— Шумо дар Италия таҳсил кардаед, чӣ гуна он ҷо рафтед?

— Соли 2013 дар ҷашни 22-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар ҳаёти ман воқеае рух дод, ки зиндагии маро куллан тағйир дод. Пас аз ҳунарнамоии ман Пешвои миллат супориш доданд, ки барои таҳсилам дар Италия мусоидат кунанд. Ман бо дастгирии Президент ва роҳнамоии устодам Адҳам Холиқов ба Италия рафтам, як сол таҳсил кардам ва бо сари баланд ба Ватан баргаштам. Дар Италия тӯли як сол то қадри имкон аз нозукиҳои санъати опера бохабар шудам.

— Дар як барнома мепурсанд, ки дар Италия аз кадом устодон дарс гирифтед, шумо танҳо номи Адҳам Холиқовро мегӯеду халос. Чаро номи дигар устодонатонро намегӯед ё аллакай ному насабашонро фаромӯш кардед?

 — Не, наход ному насаби устодонамро фаромӯш кунам. Ба ман дар Италия устодони зиёд дарс гуфтаанд. Дар мисоли Ҷузеппе ном устоде, ки ба ман дарси овоз дода буданд. Як муаллимаи дигар буд, ки дарси “Фломенко” медоданд ва як устоди дигар буд, ки ман аз эшон дарси фортопиано гирифтаам.

Шумо дар як баромадатон бо ҳаяҷон гуфтед: “Ман дар Озмуни байналмилалии «Возрождения» дар Арманистон дар байни ҳунармандони опера аз 28 кишвари дунё сазовори ҷои сеюм гардидам, арманҳо боифтихор маро арманӣ гуфтанд. Дар озмуне дар Озарбойҷон озарӣ баровардандам. Дар Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Давлати Қатар изҳор намуданд, ки ман арабам, вале ман дар ҳама ҷо гуфтам, ки “тоҷикам”. Аз ҳамон озмунҳо ва гуфтани “ман тоҷикам” бигӯед…

— Вақте ки Арманистон рафтам дар фурудгоҳ расидан замон тамоми мардум бо ман арманӣ гап заданд, ба онҳо бо забони русӣ гуфтам, ки ман арманӣ не, балки тоҷикам.

Дар Озарбойҷон бо ман озарӣ суҳбат накарданд, фақат гуфтанд, ки шабеҳи мардуми мо ҳастӣ. Намедонам шояд аз барои симоям, аз барои биниям бошад ин тахминашон, вале он ҷо ҳам ман тоҷикам гуфтам.

Дар Қатар бошад, маро ба араб монанд карданд, ки бо овози баланд ва ифтихор аз тоҷик буданам гуфтам.

— Вақте ки ягон миллати дигар мегӯяндат ва ту бо ифтихор тоҷикам мегӯй, ин чӣ эҳсос дорад?

— Он ҳиссиётро гуфта намешавад.

— Шумо ду сол дар Консерваторияи миллӣ омӯзгор будед, бигӯед, ки чаро омӯзгориро партофтед?

 — Аз ҳисобе, ки чорабиниҳо ва маҳфилҳо зиёд шуданд ва дар «Оркестри давлатии симфонӣ»-и назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор даромадам, омӯзгориро раҳо кардам ва пурра ба ин кор машғул шудам. Орзуи ман буд, ки дар чунин оркестр кор кунам.

— Чаро бештар нафароне муваффақ мешаванд, ки таҳсили касбии овозхонӣ надоранд?

— Истеъдод дар вуҷуди ҳар инсон аз тарафи Худованд дода мешавад, ҳар нафаре, ки мехоҳад ҳунарманди касбӣ шавад, дар ин соҳа таҳсил мекунанд. Ман бисёр ҳунармандонеро медонам, ки бе таҳсилоти касбӣ муваффақанд ва истеъдоди хуб доранд.

«Ман”-и Хуҷаста

— Чӣ коре кардаед, ки бо он фахр мекунед?

— Ман фахр не, балки шукр мекунам, ки дастгири модорам ва оилаам шудам.

Шумо худатонро одами хуб меҳисобед?

— Бале

— Дар панҷ соли оянда ба чӣ расидан мехоҳед?

— Мехоҳам оила барпо кунам, соҳиби фарзанд шавам ва каме ҳам бошад, саҳми худамро дар пешрафти фарҳангу санъати кишварам гузорам.

— Фикри мекунед, ки барои баъзе чизҳоро ба даст овардан аллакай ба шумо дер шудааст?

— Не. Ман зиндаам ва то нафас мекашам, ба сӯи пеш ҳаракат мекунам. Ва ҳеҷ гоҳ барои одами зинда дермонӣ ё имконнопазирии амале нест.

— Агар имрӯз охирин рӯзи ҳаёти шумо бошад, чӣ кор мекунед?

— Меравам пеши модарам ва ӯро ба оғӯш мегирам.

Мусоҳиб

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *