Хуҷанд: 53 ада адад корхонаҳо аз фаъолият бозмонд

    Аз 161 корхонаи саноатии амалкунандаи шаҳри Хуҷанд соли ҷорӣ 53 ададаш аз фаъолият бозмонда 61 корхонаи саноатии дигар ҳаҷми истеҳсолотро ба маротиб кам кардааст. Ин ҳолат рӯзи 14 декабр дар ҷаласаи ҷамъбастии 11 моҳаи хоҷагии халқи Хуҷанд боиси нигаронии раиси ин шаҳр Шариф Шарифзода  гардид. Гурӯҳе аз масъулин сабаби аз фаъолият боз мондани корхонаҳои саноатиро ба рақобатпазир набудани маҳсулоти истеҳсолӣ ва набудани фармоишгарон вобаста мекунад. Аммо гурӯҳи дигар сабаби аслии онро бӯҳрони иқтисодӣ ном мебаранд, ки дар пайи он соҳибкорон маҷбур шудаанд аз идомаи кор даст кашанд.
   Дар ҳамин ҳол  Шарифзода, раиси шаҳри Хуҷанд ба масъулини мақомот ва соҳибкорон гуфт: «Бӯҳрон гуфта рӯҳафтода нашавед, зиндагӣ давом дорад.»
Оид ба ин масъала ва сабабҳои аз фаъолият бозмондани корхонаҳо дар шаҳри Хуҷанд дар шумораҳои баъдии ҳафтаномаи “Тоҷикистон” маълумот хоҳем дод.

                                                                                                                                                        Фарзона Муродӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *