Хуҷанд: Барои ҷалби сайёҳон 5 ширкати сайёҳӣ амал мекунад

Имрӯз зимни нишасти хабарӣ бо журналистон раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки барои ҷалби сайёҳонги хориҷӣ 5 ширкат, аз ҷумла  Ҷамъияти байналхалқии туризми ҷавонон “Спутник”, филиали Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Олами сайёҳат”, “Суғдиён Помир”, фаъолият бурда истодаанд:

“Бо мақсади ҷалби сайёҳони хориҷӣ дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои сайёҳӣ сайёҳатҳо ташкил гардида, панҷ ширкати зикргардида баҳри рушди туризми дохилӣ ташкил карда шудаанд. Хатсайрҳои “Шоми Душанбе”, “Искандаркӯл”, аз ҷумлаи онҳо мебошад. Айни ҳол дар шаҳр барои қабули сайёҳон 13 меҳмонхонаҳо фаъолият менамоянд. Ҳамчунин дар шаҳр 32 ёдгориҳои таърихӣ, 3 ёдгориҳои археологӣ, 25 ёдгориҳои шаҳрсозиву меъморӣ ва санъат мавҷуд мебошад”-афзуд Муҳаммадзода.

Инчунин барои истироҳати шаҳрвандон, меҳмонон ва сайёҳон дар шаҳри Хуҷанд боғҳои зиёди фарҳангӣ-фароғатӣ бунёд шудаанд.

Боғи  фарҳангию фароғатии “Истиқлол”,  Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва “Боғи истироҳатии ба номи Устод Рудакӣ мисоли рушани бунёдкорӣ ҳароит фароҳам овардани барои истироҳату фароғати шаҳрвандон аст.

                                                                                                                                     Уғулой Қутбиддинзода

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *