«Хуҷанд» бори чорум Ҷоми Тоҷикистонро сазовор гардид
Бошгоҳи «Хуҷанд»-и Хуҷанд рӯзи 2-юми декабр бозии финалиро барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон-2017 аз чемпиони шашкаратаи кишвар «Истиқлол»-и Душанбе бо ҳисоби 2:0 бурида, ин ҷоизаи бонфузи футболи тоҷикро сазовор гардид.
Тӯбҳои ба дарвозаи душанбегиҳои воридкардаи Манучеҳр Аҳмадов (дақиқаи 41-ум) ва Ҳикматулло Расулов (дақиқаи 56-ум) хуҷандиҳоро маротибаи чоруи дорандаи Ҷоми Тоҷикистон-2017 кард. Онҳо то ин дам дар мавсими солҳои 1997/1998, 2002 ва 2008 Ҷоми мазкурро соҳибӣ карда буданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ