Хуҷанд: Дастгиршавии мактаббачаи кордчазан

Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғ, писарбачаи 17-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, хонандаи синфи 10-уми яке аз муассисаҳои таълимоти миёнаи умумӣ бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.

Номбурда, рӯзи 13-уми августи соли 2017, тахминан соати 22:30-дақиқа, дар рӯ ба рӯи тарабхонаи “Кулангир”, воқеъ дар ноҳияи Б.Ғафуров бо марди 32-солаи ҷамоати деҳоти Х.Усмони ҳамин ноҳия ҷангу ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда, 4-маротиба ба аъзои бадани ӯ задааст.
Дар натиҷа марди ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.
Ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *