Хуҷанд ид дорад
23 сентябри соли равон дар назди Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилояти Суғд Рӯзи шаҳри Хуҷанд таҷлил мегардад.
Дар назар аст, ки зимни баргузории барнома ба 40 нафар занҳои ҳунарманди шаҳри Хуҷанд грантҳои раиси шаҳр тақдим карда шаванд.
Дар рӯзи таҷлили шаҳри Хуҷанд дар макони баргузории барномаҳои асосӣ хаймаи дастовардҳои соҳаҳои гуногуни шаҳр бо маҳсули ҳунарҳои миллӣ, истеҳсолоти корхонаҳои саноатӣ, бофандагӣ, қаннодӣ ва ғайра ба маърази иштирокдорону сокинони шаҳр пешкаш мегардад.
Дар ин рӯз ҳамзамон ба чанд нафар пешқадамону фаъолони соҳаҳои мухталиф унвони «Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд» супорида мешавад.
Барномаи калони рангини консертӣ бо иштироки санъаткорони маркази вилоят ва пойтахти кишвар низ дар назар дошта шудааст.
Бояд гуфт, ки имсол дар вилояти Суғд бори чорум Рӯзи шаҳри Хуҷанд таҷлил мегардад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ