Хуҷанд: Муаммои биоҳоҷтхона ва нигаронии мардум
Дари панҷ биоҳоҷатхона дар шаҳри Хуҷанд бинобар вазъи ғайрисанитарӣ доштан қулф зада шудааст. Аслан биоҳоҷатхонаҳо дар қади кӯча ва мавзеъҳои серодами ин шаҳр охирҳои соли 2015 гузошта шуда буд. Он вақт соҳибкоре тасмим дошт 21 биоҳоҷатхонаро дар ҳудуди Хуҷанд барои қазои ҳоҷати мардум гузорад.
Аммо масъулини идораи санитарӣ бинобар фаъолияти ғайрисанитарӣ ва бӯйи ғализ пайдо намудан дари биоҳоҷатхонаҳоро бастааст. Масъулин мегӯянд, бино ба талаботҳои санитарӣ биоҳоҷатхонаҳо ҳар соат бояд тоза карда шаванд.
Вале биоҳоҷатхонаҳои Хуҷанд дар ду се рӯз якбор тоза карда шудаанд, ки оқибат бӯйи ғализи он боиси нигаронии мардум гардидааст…
Идомаи мавзӯро дар шумораи навбатии ҳафтаномаи “Тоҷикистон” мутолиа намоед.
Фарзона Муродӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ