Хуҷанд: Мудир дар зиндон пули муштариёни бонкро кӣ медиҳад
Гурӯҳе аз муштариёни бонки муфлисгаштаи «Ҳамдастӣ» дар Хуҷанд аз мақомоти Оҷонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасод хостаанд масъулони дар озодӣ будаи ин бонкро низ барои пардохти маблағҳои онҳо муваззаф гардонанд. Онҳо мегӯянд, ҳабси мудири ин бонк мушкили пардохти пули онҳоро ҳал накард ва мақомот масъулони дигари ин бонкро низ ба ҷавобгарӣ бикашанд.
Зери аризаи дастаҷамъии муштариёни бонки “Ҳамдастӣ” ба унвони раҳбари Оҷонси назарати давлатии молӣ ва мубориза бо фасод дар вилояти Суғд ҳудуди 30 нафар имзо гузоштаанд. Дар ин ариза муштариёни ин бонк навиштаанд, ки дар аз худ кардани пули онҳо танҳо мудири иҷроияи бонки “Ҳамдастӣ” Сурайё Почоҷоноваи ҳоло зиндонӣ гунаҳкор нест, балки дар канори ӯ Равшан Почоҷонов ва Милевша Почоҷонова — мудирони собиқ, Додоҷон Сиддиқов – мудири шӯъбаи қарздиҳӣ ва Мунзифа Масобирова, сармуҳосиби ин бонк, низ даст доранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ