Хуҷанд: муноқиша ба куштор анҷом ёфт

  Ба иттилои сардори маркази матбуоти РВКД ҶТ дар вилояти Суғд Акбар Шарипов санаи 20.11.с.2016, тахминан соати 16:30-дақиқа, марди 47-солаи сокини шаҳри Хуҷанд дар ҳудуди маҳаллаи Чашмаи Арзандаи ҳамин шаҳр, дар ҳолати мастӣ бо марди 39-солаи сокини маҳаллаи зикргардида ҷангу ҷанҷол карда, дашномҳои қабеҳ додааст.

Ин ҳолатро дида, писари 16-солаи марди 39-сола ба ғазаб омада, бо мушташ як маротиба ба рӯи марди 47-сола задааст, ки дар натиҷа охирон ба замин афтида, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона вафот кардааст.

ба гуфтаи манбаъ айни замон аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Шарҳи ҳодисаро дар шумораи навбатии ҳафтаномаи “Тоҷикистон” мутолиа кунед.

                                                                                                                                            Фарзона Муродӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *