Хуҷанд: Протокол нисбати 5 нафар исрофкорони барқ
Мақомоти милитсия дар шаҳри Хуҷанд аз сарфаи барзиёдии нерӯи барқ ва риоя нашудани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор пешгирӣ намуд. Дар як амалиёти кормандони ин ниҳод истифодаи самаранокии барқ дар ташкилоту корхонаҳо ва иншоотҳои гуногуни Хуҷанд санҷида шуд.
Ин санҷиш дар якҷоягӣ бо масъулини ширкати барқ ва оташнишонон ташкил гардида ҳангоми он чанде аз ҳолатҳои масрафи бемавриди барқ ошкор карда шуд. Ҳангоми санҷиш нисбати панҷ нафар ҳуқуқвайронкунандагон дар асоси моддаи 397 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протокол тартиб дода шуд.
Фарзона Муродӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ