Хуҷанд: Шикоят аз кори ҳисобкунаки барқии рақамӣ афзудааст
Дар 20 рӯзи моҳи январи соли ҷорӣ дар 174 ҳолат шикояти муштариён нисбати кори шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд ба қайд гирифта шудааст. Сокинони ин шаҳр асосан аз он нигаронӣ намудаанд, ки баъди насби ҳисобкунаки барқии рақамӣ маблағи истифодаи барқ дар хонаҳояшон ғайричашмдошт зиёд гаштааст.
Директори шабакаҳои барқии Суғд Тӯра Муродович Атамов 20. 01. 16 зимни нишасти хабарӣ зикр кард, ки чун насби ҳисобкунакҳои барқи нахустин таҷрибаи корӣ аст, албатта аз ҷониби ҳам кормандони шабака ва ҳам сокинон хатову камбудҳо ба назар меарсад.
Ин дар ҳолест, ки бино ба гуфти сокинон соли гузашта дар хонаҳояшон ҳисобкунакҳои индуксионӣ насб буд ва маблағи истифодаи барқро ҳам камтар пардохт мекарданд. Масъулини шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд рӯзи 20 январ дар нишасти хабарӣ гуфтанд, ки онҳо ҳоло шикояти мардумро зери назорати худ қарор додаанд ва дар ин самт санҷишҳо оғоз шудааст.
Идомаи масъаларо дар шумораи навбатии ҳафтаномаи “Тоҷикистон” мутолиа намоед.
Фарзона Муродӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ