“Хуҷандобуканал” ё “Фиребобуканал” ?

Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди вилояти Суғд ҷазои ҳабси ду корманди “Хуҷандобуканал” – ро  “шартӣ” иваз кард, вале 12 500 ҳазор ҷарима ба ҳамаи 5 корманди ин муассисаро собит гузошт. 5 нафар кормандони “Хуҷандобуканал” барои гузаронидани  санҷиши сохта ва ситонидани пул аз 2 қаҳвахонаҳои шаҳри Хуҷанд   айбдор дониста шудаанд.

Моҳи августи ҳамин сол додгоҳи Хуҷанд 2 нафар аз ин гурӯҳи масъулони  “Хуҷандобуканал” – ро дар баробари ҷарима ба 2 сол зиндон низ маҳкум карда буд. 

Сохтакориҳои ин  5 масъул чӣ тавр ошкор шуд?  «Сайд»-и онҳо  кадом ошхонаҳо буд?  Ғайр аз ду ошхона дар ҷойи дигар ҳам “санҷиш” гузаронидаанд ё на?  2 соли ҳукми 2 нафар бо кадом шарт бекор карда шуд? Айни замон ин “санҷишгарон” бо чи кор машғуланд?…   

Ҷавоби ин ва ба ин монанд саволҳоро аз шумораи навбатии ҳафтаномаи “Тоҷикистон”  метавонед пайдо кунед.

                                                                                                                                                    Фарзона Муродӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *