Худдории волидон аз ваксина кардани фарзандонашон
Дар Қирғизистон шумори волидоне, ки аз ваксина кардани фарзандонашон худдорӣ мекунанд, афзоиш меёбад. Дар ин бора сардори маркази иммунопрофилактикии Вазорати тандурустии Қирғизистон Гулбара Ишенаписова хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, соли 2017 ҳудуди 7 ҳазор хонавода нагузоштанд, ки фарзандонашонро ваксина кунанд. 68%-и онҳо гуфтанд, бо далоили динӣ аз ваксина худдорӣ мекунанд. 15%-и дигар ба сифати ваксина шубҳа доштаанд. Соли 2016 шумори онҳое, ки аз ваксина кардани фарзандонашон худдорӣ кардаанд, ҳудуди 5 ҳазор нафарро ташкил медод.
Асосан сокинони вилояти Чуй ва Бишкек ба сифати ваксина шубҳа доранд ва бинобар ин, аз он худдорӣ мекунанд. Ба ин шубҳаи сокинон баъзе аз матлабҳои интернетӣ сабаб шудааст.
«Дар мо ваксина ихтиёрӣ аст. Вале дар Ӯзбекистон барои худдорӣ аз он муҷозот мекунанд. Агар ин раванд дар мо идома ёбад, дигар сайёҳе ба Қирғизистон нахоҳад омад. Зеро фикр мекунанд, ки кишвари мо вазъи бади эпидемиологӣ дорад. Дар ҳоли ҳозир, дар Аврупо бемории сурхча паҳн мешавад ва он ба воситаи муҳоҷирон аз Русия ба кишвар хоҳад омад», — афзуд Ишенаписова.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ