Худкушии 16 ноболиғ дар Суғд
Соли 2018 дар вилояти Суғд аз ҷониби занон 81 нафар худкушӣ ва сӯйқасд ба он ба қайд шудааст, ки аз ин шумора 16-нафарашон ноболиғ ҳастанд, ки нисбат ба соли гузашта 2 адад зиёд аст.
Ба гуфти Нигорахон Ғаффорзода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи назди МИҲД-и вилояти Суғд шумораи худкушӣ ва сӯйқасд ба он нисбат ба соли 2017 27 адад афзудааст, ки 2 адад аз ҳисоби ноболиғон ва 25 адад аз ҳисоби занҳо.
«Агарчӣ худкушӣ афзудааст, хушбахтона ҷинояткорӣ байни занҳо кам шудааст. Соли 2018 671-нафар даст ба ҷиноят задаанд, ки 65- нафар кам аст»-афзуд Ғаффорзода.
Фарзона Муродӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ